Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи фаронсавии бозсозии фурудгоҳи Душанбе


Дар Душанбе имрӯз миёни Тоҷикистон ва Фаронса созишномаи бозсозии фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон ба имзо расид. Ин тарҳ бо 17 миллион евро сармоягузории Фаронса ва 7 миллин евро сармоягузории Тоҷикистон амалӣ хоҳад гашт. Таҷҳизот ва масолеҳро низ Фаронса таъмин хоҳад кард ва иҷрои тарҳ дар ду соли оянда ба поён хоҳад расид. Он гоҳ фурудгоҳи Душанбе қодир хоҳад буд, дар як соат ба 500 мусофир хидмат кунад. Ҳоло фурудгоҳи Душанбе макони гурӯҳи маҳдуде аз низомиёни Фаронса мебошад, ки аз ин ҷо ба Афғонистон парвоз анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG