Пайвандҳои дастрасӣ

Муроҷиати Гурҷистон ба сарони ҷаҳон


Вазири умури хориҷии Гурҷистон Екатерине Тке Шелашвилӣ мегӯяд, Тифлис ба сарони ҷаҳон муроҷиат мекунад, то ба Маскав барои қатъи, ба гуфтаи ӯ, таҷовузи мустақими ҳарбӣ" ба қаламрави Гурҷистон, аз ҷумла бомбаборони майдони парвоз дар наздикии Тифлис хотима гузорад. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки раисиҷумҳури Гурҷистон, Михел Саакашвилӣ, мегӯяд, як корвони тонку зиреҳпӯшҳои Русия иборат аз 150 фарванд техникаи ҳарбӣ вориди минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи ҷанубӣ шудааст. Дар ин минтақа миёни нерӯҳои гурҷӣ ва ҷудоихоҳони Осетияи ҷанубӣ ҷангҳои шадид идома дорад.
XS
SM
MD
LG