Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози таҳримҳои нави ИА алайҳи Эрон


Иттиҳоди Аврупо имрӯз дар посух ба сарпечии Эрон аз ҳамкории комил бо Созмони Милал ва ифшои ҳамаи ҷузъиёти барномаи ҳастаияш ба татбиқи таҳримҳои нави зидди Эрон шурӯъ кард. Тибқи ин таҳримҳо, 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо аз ҳама гуна ваъдаи сармоягузорӣ, кӯмаки молӣ ва қарзҳои боимтиёз ба ҳукумати Эрон худдорӣ хоҳанд кард. Онҳо ҳамчунин бозрасии амволеро хоҳанд хост, ки бо василаи ширкати ҳавоии боркашонии Эрон интиқол дода мешаванд.
XS
SM
MD
LG