Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани Созмони тоҷикони Қирғизистон


Созмони тоҷикони Қирғизистон анҷумани густардаи худро дар ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканд баргузор мекунад.

Гуфта мешавад, ки аз таъсиси созмони тоҷикони Қирғизистон 15 сол сипарӣ гашт. Қодиршоҳи Мурувват, ноиби раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон, тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ иброз дошт, ки анҷумани тоҷикон дар чунин шакли густарда дар 15 соли ахир барои нахустин бор баргузор мегардад.

Вай гуфт, ин анҷуман аз анҷуманҳои қаблӣ ба он фарқ мекунад, ки барои аввалин бор дар он аз манотиқи мухталифи Қирғизистон, чун аз вилоятҳои Ушу Ҷалолобод ва Ботканд, ҳамчунин шаҳрҳои Бишкеку Туқмоқ ва рустоҳои вилояти Чуй вакилон даъват шудаанд.

Ба эътиқоди ин манбаъ, баргузории чунин анҷуман ба тоҷиктаборони ин кишвар имкон хоҳад дод, ки онҳо рӯ ба рӯи ҳам нишинанд ва ошкоро масъалаҳоеро баррасӣ намоянд, ки ба забону фарҳанг ва тамаддуни қавми онҳо марбутанд.

Ҳамсӯҳбати мо ҳамчунин тазаккур дод, ки дар Қирғизистон дасти кам панҷоҳ ҳазор тоҷиктаборон ба сар мебаранд ва аксарияти онҳо дар минтақаи ҷануби ин кишвар сукунат доранд.

Гуфта шуд, ки тоҷикони Қирғизистон ба шакли дастаҷамъона дар ноҳияи Қадамҷо, шаҳраки Ҳайдаркон, рустоҳои Андарак ва Лолаки ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд, ноҳияи Қаросӯи вилояти Уш ва ноҳияи Алобуқаи вилояти Ҷалолобод ба сар мебаранд.

Ба гуфтаи Қодиршоҳи Мурувват, дар шаҳри Ҷалолобод як маҳаллаи тоҷикнишин низ мавҷуд аст, ки сокинони он дар авохири солҳои чилуми қарни гузашта аз ноҳияи Ашти ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ҷо кӯч бастаанд. Вай афзуд, ки теъдоди аъзои ин хонаводаҳо дар ҳудуди 150 нафарро ташкил хоҳад кард.

Қодиршои Мурувват, ноиби раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон, тазаккур дод, ки ахиран рушанфикрони тоҷики муқими ин кишвар чанд чорабинии фарҳангӣ роҳандозӣ намуданд ва дар мавриди тарғиби забону фарҳанги тоҷик дар Қирғизистон саҳми худро гузоштанд. Гуфта шуд, ки дар ба нашр расидани китоби «Тоҷикони Қирғизистон», «Чароғи дӯстӣ», «Баррасии сулҳи тоҷикон аз нигоҳи коршиносони хориҷӣ» ва амсоли он дар нашриёти Бишкек созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ сару сарвари ин корҳо буд.

Ногуфта намонад, ки дар ростои баргузории анҷумани тоҷикони Қирғизистон раҳандозии мусобиқоти варзишӣ, озмуни таронахонӣ ва муаррифии моҳномаи тоҷикии «Паёми Алатоо» низ мадди назар аст.

XS
SM
MD
LG