Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳои қатъи хушунат дар Осетияи Ҷанубӣ


Иёлоти Муттаҳида имрӯз ба қатъи хушунат дар Осетияи Ҷанубӣ даъват кард ва гуфт, намояндагони ҳукумати Гурҷистон ва минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ бояд ба гуфтушуниди мустақим иқдом кунанд. Раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, вазири умури хориҷии Финлонд, Александр Стаб мегӯяд, вай бо ҳарду ҷониб дар тамос аст ва аз онҳо даъват мекунад, ҳама гуна амалиёти ҳарбиро қатъ карда, музокираи бевоситаро шурӯъ намоянд. Паймони Атлантики Шимолӣ ва Иттиҳоди Аврупо низ аз хушунатҳо дар Осетияи Ҷанубӣ изҳори нигаронӣ карданд ва аз ҳмаи тарафҳо қатъи зӯровариро дархост карданд.
XS
SM
MD
LG