Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони сафарбарии умумии нерӯҳои ҳарбӣ дар Гурҷистон


Раисиҷумҳури Гурҷистон, Михел Саакашвилӣ, ба сафарбарии сартосарии нерӯҳои ҳарбӣ дар кишвараш даъват кард. Вай гуфт, кишвараш зимни низоъ дар минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи ҷанубӣ ба мудохилаи ҳарбии нерӯҳои Русия рӯбарӯст. Дар як паёми телевизионӣ Саакашвилӣ изофа кард, ки ҳавопаймоҳои Русия ду шаҳри Гурҷистонро бомбаборон кардаанд. Вай инчунин гуфт, нерӯҳои гурҷӣ бахши аъзами Схинволӣ, пойтахти минтақаи ҷудоихоҳро зери назорат гирифтаанд. Фармондеҳи нерӯҳои русии посдори сулҳ дар Осетияи ҷанубӣ гуфт, ҳарбиёни Русия аз зарбаи тӯпхонаи гурҷиҳо дар сарбозхонаҳо кушта шудаанд. Вай шумори онҳоро зикр накард. Сарвазири Русия, Владимир Путин, аъмоли, ба гуфтаи вай, таҷовузгаронаи нерӯҳои гурҷиро дар Осетияи ҷанубӣ маҳкум кард ва гуфт, Русия маҷбур хоҳад шуд, посух бидиҳад
XS
SM
MD
LG