Пайвандҳои дастрасӣ

15 нафар варзишгарони тоҷикистонӣ шарафи варзишии кишварро дар Олимпиадаи Пекин-2008 ҳимоят хоҳанд кард. Дар поён шуморо бо ин варзишгарон мухтасар шинос мекунем.

Юсуф Абдусаломов
Гуштии озод (то 84 кг).
08.11.1977 дар Махачқалъаи Доғистон (Русия) таваллуд шудааст.
Ҷои 2-юм дар чемпионати ҷаҳон-2007 (Боку, Озарбойҷон).
Ҷои 9-ум дар Олимпиадаи Афина-2004.
Расул Боқиев
Гуштии дзюдо (то 73 кг).
29.09.1982 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст.
Ҷои 3-юм дар чемпионати ҷаҳон-2007 (Рио-де-Жанейро, Бразил).
ҷои 3-юм дар Бозиҳои XV Осиёӣ (Доҳа, Қатар, 2006).
Неъматулло Асронқулов
Гуштии дзюдо (то 90 кг).
01.04.1982 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст.
Ҷои 1-ум дар Ҷоми ҷаҳон (Маскав), ҷои 5-ум дар чемпионати Осиё-2008 (Куриёи ҷанубӣ).
Шералӣ Бозоров
Гуштии дзюдо (то 81 кг).
23.10.1981 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.
Ҷои 5-ум дар чемпионати Осиё-2008 (Куриёи Ҷанубӣ)
Ҷаҳон Қурбонов
Бокс (то 81 кг).
12.02.1986 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.
Ҷои 1-ум дар сабқати интихобии олимпӣ дар Бангкок (Тайланд, 2008), қаҳрамони Бозиҳои Осиёӣ дар Доҳа (Қатар, 2006).
Шералӣ Достиев
Бокс (то 48 кг).
12.01.1985 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Ҷои 1-ум дар сабқати интихобии олимпӣ (Остона, Қазоқистон, 2008), ширкаткунандаи Олимпиадаи Афина-2004.
Анвар Юнусов
Бокс (то 51 кг).
01.02.1987 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Ҷои 1-ум дар сабқати интихобии олимпӣ дар Бангкок(Тайланд, 2008).
Дилшод Назаров
Варзиши сабук (гурзандозӣ).
26 .05.1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Ҷои 1-ум дар чемпионати Украина-2007 (Киев, 74 м 46см, рекорди инфиродӣ - 77 м 63см), қаҳрамони Бозиҳои Осиёӣ дар Доҳа (Қатар, 2006), ширкаткунандаи Олимпиадаи Афина-2004.
Виталий Корякин
Гуштии озод (то 60 кг).
02.12.1983 дар шаҳри Чурапчаи Ёқутистон таваллуд шудааст.
Ҷои 3-ум дар сабқати интихобии олимпӣ дар шаҳри Мартину (Швейтсария, 2008).
Албина Камолиддинова
Камонварӣ.
24.01.1969 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст.
Ҷои 3-юм дар ҳисоби дастаӣ дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Бангкок (Тайланд, 2008).
Алишер Чингизов
Шиноварӣ (50 м, тарзи озод).
23.06.1983 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Қаҳрамони Тоҷикистон (2008).
Катерина Измайлова
Шиноварӣ (50 м, тарзи озод).
10.06.1977 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон, ширкаткунандаи Олимпиадаи Афина-2004.
Галина Митяева
Варзиши сабук (гурзандозӣ).
29.04 1991 дар ноҳияи Шаҳритус таваллуд шудааст.
Ҷои 1-ум дар чемпионати Украина-2008.
Низом Сангов
Вазнабардорӣ (то 69 кг).
26.06. 1983 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст.
Ҷои 12-ум (223 кг) дар чемпионати ҷаҳон дар Доҳа (Қатар, 2005).
Сергей Бабиков
Тирандозӣ (таппонча, 10 м. ва 50 м.).
20.12.1967 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Ҷои 10-ум дар Олимпиадаи Афина-2004 (582 хол).
XS
SM
MD
LG