Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии вазъи Осетияи Ҷанубӣ дар Шӯрои амнияти Русия


Президенти Русия, Дмитрий Медведев хостори баргузории ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои амнияти ин кишвар шуд, то даргириҳои шаби гузашта миёни Гурҷистон ва минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро баррасӣ кунад. Русия аз талошҳои Осетияи Ҷанубӣ ба мухторияти васеътар пуштибонӣ мекунад, вале ба хабарҳои охирин нерӯҳои Гурҷистон субҳи имрӯз ба ҳумаи Схинволӣ, пойтахти Осетияи Ҷанубӣ расидаанд. Ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои амнияти Русия дар ҳоле ифтитоҳ меёбад, ки Вазорати умури дохилии Гурҷистон мегӯяд, ҳавопаймоҳои Русия бо нақзи ҳарими ҳавоии Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубӣ чанд бомба партофтаанд.
XS
SM
MD
LG