Пайвандҳои дастрасӣ

Футболбозони тоҷик дар финали Ҷоми даъват


Дастаи Тоҷикистон дар бозии ниманиҳоии Ҷоми даъвати Конфератсиони футболи Осиё тими Кореяи шимолиро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро Ҷомихон Муҳиддинов дар дақиқаи 39-ум вориди дарвозаи ҳариф кард. Акнун дар бозии ниҳоӣ дастаи Тоҷикистон бо тими соҳибони майдон - Ҳиндустон қувваозмоӣ мекунад, ки дар бозии дигари ниманиҳоӣ аз болои дастаи кишвари Мянмар пирӯз шуд. Дастаи ғолиб дар бозии ниҳоӣ соҳиби Ҷом ва ҳамчунин роҳхат ба бозиҳои Ҷоми Осиё-2011 мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG