Пайвандҳои дастрасӣ

Задухӯрдҳо дар назди Схинволӣ


Мамука Курашвили, як мақоми аршади нерӯҳои мусаллаҳи Гурҷистон эълом дошт, ки ҳукумати кишвараш тасмим гирифт “ба барқарорсозии тартиботи конститутсионӣ дар Осетияи Ҷанубӣ” шурӯъ кунад.

Зимни суханронӣ аз тариқи шабакаи телевизионии Руставӣ-2 генерал Курашвилӣ гуфт, ки “бо вуҷуди даъватҳои мо барои сулҳ ва оташбаси якҷониба, ҷудоихоҳон аз Осетияи ҷанубӣ тирборони деҳаҳои гурҷиро идома доданд ва аз ин рӯ мо маҷбурем, ки тартибот дар ин минтақаро таъмин кунем”.

Қаблан Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон ба артиши кишвар амр карда буд, ки ба тирборон аз сӯи гурӯҳҳои мусаллаҳи Осетияи Ҷанубӣ ҷавоб нагӯянд ва ҳамзамон аз мақомоти ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ даъват намуд, ки ба ин иқдом пайравӣ кунанд ва сари мизи музокирот нишинанд.

Қарор буд, ки имрӯз бо миёнҷигарии Русия музокироти миёни фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Гурҷистон Тимурӣ Якобашвилӣ ва муовини сарвазири Осетияи ҷанубӣ Борис Чочиев баргузор шавад. Михаил Саакашвилӣ бори дигар пешниҳоди худ дар мавриди таъмини “мухторияти комили” Осетияи ҷанубӣ дар ҳайати Гурҷистон ва бо кафолати Русияро такрор кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки “Гурҷистон ҳампаймони Русия аст ва ҳар раисиҷумҳури Гурҷистон, ба вижа, ман, ки чӣ маънӣ доштани Русия барои Гурҷистонро хуб дарк мекунам, ҳамеша барои равобити хуб бо Русия талош мекунем ва аммо бар шарте, ки Русия ба якпорчагӣ, истиқлол ва халалнопазирии марзҳои Гурҷистон арҷ гузорад”.

Ин лаҳзаҳо, ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар канори Схинвалӣ - пойтахти Осетияи Ҷанубӣ тирпарронӣ идома дорад ва ҷонибҳо аз тӯпхона ва мусалсалҳо истифода мекунанд. Эдуард Кокойта, раиси ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ гуфтааст, ки “артиши кишвар дар канори Схинвалӣ бо нерӯҳои гурҷӣ вориди даргирӣ шудааст ва задухурдҳои шадид идома доранд”. Ӯ ҳамла ба Схинвалиро “иқдоми маккорона”-и Саакашвилӣ номид, ки ҳамагӣ чанд соат пеш мақомоти Осетияи ҷанубиро сари мизи музокирот даъват карда буд. Мақомоти Осетияи ҷанубӣ хабар доданд, ки бар асари даргириҳо аллакай 15 нафар кушта шудаанд.

Ахиран Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид аз раиси Шӯрои амнияти СММ хост, ки барои баррасии ташаннуҷи авзоъ дар Осетияи ҷанубӣ нишасти оҷили Шӯрои амниятро доир кунад.

XS
SM
MD
LG