Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

То ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чанд соат монд


Имрӯз дар Пекин маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баргузор мешавад. Дирӯз машъали олимпӣ болои Девори Бузурги Чин баланд шуд ва тавассути 268 машъалбардор ин деворро тай кард. Ҳарчанд Бозиҳои олимпӣ расман ифтитоҳ нашудааст, нахустин мусобиқоти он, аз ҷумла бозиҳои гурӯҳии дастаҳои футбол аллакай оғоз ёфтаанд. Дар ҳамин ҳол Жак Рогге, раиси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ сару садоҳоро дар бораи он ки ҳавои Пекин ба сиҳати варзишгарон таъсири манфӣ дорад, рад кард. Ӯ гуфт, ки "албатта, вазъи покизагии ҳаво олӣ нест ва аммо ҳаво ба тадриҷ пок мешавад ва ба сиҳати варзишгарон хатаре таҳдид намекунад".
XS
SM
MD
LG