Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ронандаи Бин Лодин эълон шуд


Салим Ҳамдан, ронандаи раҳбари “Ал-Қоида” Усома Бин Лодин дирӯз дар поёни мурофиа дар боздошгоҳи Гуантанамо бо иттиҳоми сармоягузории терроризм ба 66 моҳи маҳбас маҳкум шуд. Додситон тақозо дошт, ки Ҳамдан ба мӯҳлати 30 сол аз озодӣ маҳрум шавад ва аммо иттиҳоми аслӣ алайҳи ӯ - тарҳрезии амали террористӣ собит нагардид. Шаҳрванди Яман Салим Ҳамдан нахустин маҳбуси Гуантанамост, ки парвандаи ӯ тибқи низоми баҳсбарангези кумиссияҳои низомии президент Ҷорҷ Буш бозрасӣ гардид. Гуфта мешавад, ки Ҳамдан шояд баъд аз 5 моҳ маҳбасро тарк гӯяд, зеро ӯ аллакай 61 моҳи умрашро дар боздоштгоҳи Гуантанамо сипарӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG