Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи амалиёти густардаи Гурҷистон алайҳи Схинвалӣ


Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид аз раиси Шӯрои амнияти СММ хост, ки барои баррасии ташаннуҷи авзоъ дар Осетияи ҷанубӣ нишасти оҷили Шӯрои амниятро доир кунад.

Бегаҳи дирӯз Мамука Курашвили, раҳбари ситоди амалиёти посдори сулҳи артиши Гурҷистон эълом дошт, ки ҳукумати кишвараш тасмим гирифтааст “ба барқарорсозии тартиботи конститутсионӣ дар Осетияи ҷанубӣ” шурӯъ кунад. Зимни суханронӣ аз тариқи шабакаи телевизионии Руставӣ-2 генерал Курашвилӣ гуфт, ки "бо вуҷуди даъватҳо барои сулҳ ва оташбаси якҷониба, ҷудоихоҳон аз Осетияи ҷанубӣ тирборони деҳаҳои гурҷиро идома доданд ва аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, ки тартибот дар куллия минтақаро таъмин кунем".
Қарор буд, ки имрӯз бо миёнҷигарии Русия музокироти миёни фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Гурҷистон Тимурӣ Якобашвилӣ ва муовини сарвазири Осетияи ҷанубӣ Борис Чочиев баргузор шавад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар канори Схинвалӣ - пойтахти Осетияи Ҷанубӣ задухурдҳо идома доранд ва артиши Гурҷистон ва нерӯҳои Осетияи Ҷанубӣ аз тӯпхона ва мусалсалҳо истифода мекунанд. Мақомоти Осетияи ҷанубӣ хабар доданд, ки бар асари даргириҳо аллакай 15 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG