Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мулоқотҳои Ҳейнонен дар Теҳрон


Олли Ҳейнонен, муовини мудири кулли Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ, имрӯз дар Теҳрон барномаҳои ҳастаии Эронро баррасӣ кардааст. Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки оё Олли Ҳейнонен посухи Эрон ба бастаи пешниҳодии 6 қудрати ҷаҳониро, ки дар ивази қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниуми Эрон ба ин кишвар як баста имтиёзҳои дипломативу иқтисодӣ пешниҳод карда буданд, баҳс кардааст ё хайр. Бритониёву Фаронса гуфтанд, ки 5 узви доимии ША бо иловаи Олмон посухи Теҳронро ба ин пешниҳод нокофӣ дарёфта, ҷиҳати таъқиби таҳримоти бештари СММ алайҳи Эрон тавофуқ кардаанд. Аммо Виталий Чуркин, сафири Русия дар СММ гуфт, кадом тавофуқе ҷиҳати эъмоли таҳрими бештар алайҳи Эрон ҳосил нашудааст.

XS
SM
MD
LG