Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Парвиз Мушарраф импичмент таҳдид мекунад


Раҳбари эътилофи ҳокими Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ имрӯз гуфт, ин эътилоф ҷиҳати оғози раванди импичмент, ё худ адами раъйи эътимод ба раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф тавофуқ кардааст. Алӣ Зардорӣ, ки дар як нишасти хабарӣ дар Исломобод сӯҳбат мекард, аз ҷумла гуфт:

“Раҳбарони эътилоф мутмаинанд, ки вазифаи аввалиндараҷа ин иқдом ҷиҳати раъйи адами эътимод алайҳи Мушарраф бар асоси банди 47 аст.”

Эътилоф ба хотири расмӣ кардани ин иқдомаш хостори даъвати иҷлоси парлумон дар таърихи 11 август шудааст.

Ин барои нахустин бор аст, ки ба хотири эълони адами раъйи эътимод алайҳи раисиҷумҳури Покистон иқдом мешавад.

Тибқи Қонуни Асосии Покистон, барои импичмент касби ҳимояти аз се ду ҳиссаи ҳарду маҷлиси парлумон лозим аст.

Парвиз Мушарраф ба хотири расидагӣ ба ин бӯҳрони сиёсӣ сафари тарҳшудааш ба Чин ба хотири ширкат дар расми ифтитоҳи Олимпиадаи Пекинро лағв кардааст. Ба ҷойи ӯ, дар ин маросим сарвазир Юсуф Ризо Гелонӣ ширкат хоҳад варзид.

XS
SM
MD
LG