Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи задухӯрдҳо дар Осетияи ҷанубӣ


Вазорати дохилаи Гурҷистон мегӯяд, дар минтақаи ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ “задухӯрдҳои густарда” идома дорад. Сухангӯи ин вазорат Шота Утиашвили гуфт, ҷангиёни ҷудоиталаб зӯҳри имрӯз як зиреҳпӯши нирӯҳои Гурҷистонро дар ҳошияи рустои Авневии Осетияи ҷанубӣ тахриб кардаанд.

Хушунатҳо дар Осетияи ҷанубӣ шаби гузашта дубора авҷ гирифт. Мақомоти Осетияи ҷанубӣ дар бораи захмӣ шудани 18 нафар дар асари ҳамлаи нирӯҳои Гурҷистон хабар доданд.

Раҳбари Осетияи ҷанубӣ Эдуард Кокойти ба хабаргузории Интерфакс гуфт, артиши Гурҷистон тонкҳову тӯпхонаҳояшро ба марзи ин минтақаи ҷудоиталаб наздик овардааст: “Нирӯҳои ҳомии сулҳи Русия тамоми корро карданд, ки пеши роҳи тирандозии ҷониби Гурҷистон алайҳи Тсхинвали бо истифода аз хумпораандозу гулӯлаандоз ва силоҳҳои сақилро бигиранд. Вале тирандозӣ тамом нашуд ва мо маҷбур шудем, зарбаи ҷавобӣ занем.”

Дар ҳамин ҳол, вазири ҳамоиши Гурҷистон Темур Якобашвили гуфт, музокироти мустақим бо мақомоти Осетияи ҷанубӣ, ки бояд имрӯз дар Тифлис оғоз меёфт, ҳадди ақал то рӯзи ҷумъа ба таъхир уфтодааст.

XS
SM
MD
LG