Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 300 муҳоҷири тоҷику узбак дар Люблино


Рӯзи панҷшанбе маъмурони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар ҷараёни як амалиёт дар маркази тиҷоратии “Москва”, воқеъ дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав, ҳудуди 300 муҳоҷирро бо иттиҳоми кору иқомати ғайриқонунӣ дар пойтахти Русия боздошт кардаанд.

Мақомот мегӯянд, ҳамагии боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистонанд, ки бидуни сабти ном ва дарёфти ҳаққи муҷавиз дар дохили ин маркази тиҷоратӣ ҳам кор ва ҳам зиндагӣ мекарданд. Сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Русия Залина Филимонова аммо гуфтааст, ки онҳо қасди ихроҷи ин муҳоҷирин аз қаламрави Русияро надоранд, вале Хадамоти муҳоҷират дар пайи пайдо кардани корфармоёнест, ки ин афродро ғайриқонунӣ ба кор ҷалб кардаанд.

XS
SM
MD
LG