Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайри машъали Олимпӣ дар Девори Чин


Машъали Олимпӣ дар як рӯзи боқимонда то ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ дар Пекин охирин соъоти саёҳаташ дар пойтахти Чин ва ҳошияи шаҳрро сипарӣ мекунад. Машъали олимпӣ имрӯз болои Девори Бузурги Чин баланд шуд ва тавассути 268 машъалбардор ин деворро тай кард.

Ва аммо ҳарчанд Олимпиадаи Пекин расман шурӯъ нашудааст, нахустин мусобиқоти он, аз ҷумла бозиҳои даври гурӯҳии мусобиқоти футбол аз ҳоло оғоз ёфтаанд.

Тими олимпии футболи Бразил дар нахустин рақобаташ дар Бозиҳои Олимпӣ бар дастаи Белжик бо натиҷаи 1:0 дастболо шуд. Итолиё Ҳондурасро бо натиҷаи 3:0 шикаст дод. Ва футболбозони Амрико дар нахустин бозӣ бар тими олимпии Ҷопон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шудаанд.
XS
SM
MD
LG