Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниши байни Тифлису Тсхинвали амиқтар мешавад


Вазири ҳамоиши Гурҷистон Темур Якобашвили гуфт, музокироти мустақим бо мақомоти минтақаи ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ, ки бояд имрӯз дар Тифлис оғоз меёфт, ба таъхир уфтодааст. Ӯ афзуд, ин гуфтугӯ шояд рӯзи ҷумъа шурӯъ шавад.

Бо ин ҳол, таниши байни Тифлис ва ин минтақаи ҷудоиталаб дар пайи хушунатҳои шаби гузашта амиқтар шудааст. Мақомоти Осетияи ҷанубӣ мегӯянд, нирӯҳои гурҷистон чанд рустои ин минтақаро зери оташ гирифтаанд, ки дар асари он дасти кам 18 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Раҳбари Осетияи ҷанубӣ Эдуард Кокойти ба хабаргузории Интерфакс гуфт, артиши Гурҷистон тонкҳову тӯпхонаҳояшро ба марзи ин минтақаи ҷудоиталаб наздик овардааст: “Нирӯҳои ҳомии сулҳи Русия тамоми корро карданд, ки пеши роҳи тирандозии ҷониби Гурҷистон алайҳи Тсхинвали бо истифода аз хумпораандозу гулӯлаандоз ва силоҳҳои сақилро бигиранд. Вале тирандозӣ тамом нашуд ва мо маҷбур шудем, зарбаи ҷавобӣ занем.”

Нирӯҳои ҳомии сулҳи Гурҷистон мегӯянд, шаби гузашта сангарҳои онҳо низ ҳадафи ҳамлаи нирӯҳои Осетияи ҷанубӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа 2 сарбози гурҷӣ захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG