Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон – 156-ум


FIFA – Федеросиюни байнулмилалии футбол – феҳрист ё рейтинги навини тимҳои миллии кишварҳои ҷаҳонро нашр кард.

Тоҷикистон дар ин феҳрист боз 2 зина поинтар – ба радифи 156-ум – фуромад ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (55-ум), Қазоқистон (125-ум), Қирғизистон (145-ум) ва пеш аз Туркманистон (159-ум) ҷойгир шудааст.
Зимнан, миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон дар зинаи пешазохирин – 14-ум – қарор дорад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ 1 зина болотар – ба радифи 10-ум – баромад. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дувум ва дар ҷаҳон 28-ум мебошад. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар «феҳристи худӣ» ва мутаносибан феҳристи FIFAчунин аст: 3. Молдова (49). 4. Узбакистон (55). 5. Беларус (57). 6. Литва (59). 7. Латвия (65). 8. Гурҷистон (86). 9. Арманистон (94). 10. Эстония (121). 11. Қазоқистон (125). 12. Озарбойҷон (138). 13. Қирғизистон (145). 14. Тоҷикистон (156). 14. Туркманистон (159).
Дар садри феҳристи FIFA дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, қарор гирифтааст. Олмон дар ҷои дувум ва Итолиё, қаҳрамони феълии ҷаҳон, дар ҷои севум мебошанд. Миёни 10 дастаи беҳтарини ҷаҳон инчунин Ҳуланд, Хорватия, Бразил, Аргентина, Ҷумҳурии Чех, Португалия ва Русия ҷойгир шудаанд.
Дар ин феҳрист 10 тими беҳтарини Осиё инҳоанд: Ҷопон (35), Австралия (38), Эрон (45), Арабистони саъудӣ (52), Куриёи ҷанубӣ (53), Узбакистон (55), Баҳрайн (67), Қатар (71), Ироқ (76) ва Уммон (88).
XS
SM
MD
LG