Пайвандҳои дастрасӣ

Хунтаи Мавритания як интихоботи "озод" ваъда кард


Хунтаи низомии Мавритания имрӯз, ҳамагӣ як рӯз баъд аз расиданаш ба қудрат, баргузории як интихоботи “озод ва шаффоф”и раёсати ин ҷумҳуриро тазмин додааст. Аммо таърихи интихобот эълон нашудааст.

Табаддулоти бехуни давлатӣ дар ин кишвари шимоли Африқо вокуниши манфии ҷомиаи байналмилалиро ба бор овард, Дабири кулли СММ Бан Ги Мун хостори билофосила барқарор кардани ҳукумати қонунӣ дар ин кишвар шуд. Лигаи давлатҳои арабӣ ва Иттиҳодияи Аврупо низ табаддулот дар Мавританияро маҳкум карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG