Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Осетияи ҷанубӣ 18 тан захмӣ шудаанд


Хабаргузориҳои Русия имрӯз ба нақл аз қавли мақомоти минтақаи ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ дар бораи ҷароҳат бардошти 18 нафар дар асари ҳамлаи тӯпхонаҳои нирӯҳои Гурҷистон хабар доданд.

Вазорати беҳдошти Осетияи ҷанубӣ гуфтааст, 14 тан аз захмиён дар бемористонҳо таҳти табобат қарор доранд.

Мақомоти Тсхинвали мегӯянд, шаби гузашта чандин рустои Осетияи ҷанубӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Раҳбари Осетияи ҷанубӣ Эдуард Кокойти ба Интерфакс гуфт, артиши Гурҷистон тонкҳову тӯпхонаҳояшро ба марзи ин минтақаи ҷудоиталаб наздик овардааст: “Нирӯҳои ҳомии сулҳи Русия тамоми корро карданд, ки пеши роҳи тирандозии ҷониби Гурҷистон алайҳи Тсхинвали бо истифода аз хумпораандозу гулӯлаандоз ва силоҳҳои сақилро бигиранд. Вале тирандозӣ тамом нашуд ва мо маҷбур шудем, зарбаи ҷавобӣ занем.”

Дар ҳамин ҳол, Русия ба хотири ширкат дар музокироти байни Гурҷистон ва Осетияи ҷанубӣ як намояндаи хосашро ба Тифлис фиристодааст. Аммо ҳанӯз дақиқ нест, ки ин мухокирот оё доир хоҳад шуд?

XS
SM
MD
LG