Пайвандҳои дастрасӣ

Олли Ҳейнонен барои 2 рӯз вориди Теҳрон шудааст


Бино ба гузориши телевизиони давлатии Эрон, Олли Ҳейнонен, муовини мудири кулли Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ, имрӯз барои музокироти дурӯзаи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон вориди Теҳрон шудааст. Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки оё Олли Ҳейнонен посухи Эрон ба бастаи пешниҳодии 6 қудрати ҷаҳониро, ки дар ивази қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниуми Эрон ба ин кишвар як баста имтиёзҳои дипломативу иқтисодӣ пешниҳод карда буданд, баҳс хоҳад кард ё хайр.

Бритониёву Фаронса гуфтанд, ки намояндагони “5 +1”, ки 5 узви доимии ША СММ бо иловаи Олмонро дар бар мегирад, посухи Теҳронро ба ин пешниҳод нокофӣ дарёфта, ҷиҳати таъқиби таҳримоти бештари СММ алайҳи Эрон тавофуқ кардаанд.

Аммо Виталий Чуркин, сафири Русия дар СММ ба хабарнигорон гуфт, кадом тафоҳум ва ё тавофуқи рӯшане ҷиҳати фаъолияти муштарак дар ин самт ҳосил нашудааст.
XS
SM
MD
LG