Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди шадиди Буш аз вазъи ҳуқуқи башар дар Чин


Дар арафаи сафараш ба Пекин ба хотири ширкат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпӣ, раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш аз Чин даъват кард, вазъи ҳуқуқи башарро дар он кишвар беҳбуд бубухшад.

Ҷорҷ Буш, дар Бангкок, пойтахти Таиланд сӯҳбат мекард, “нигаронии амиқ”-аш аз поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Чинро чунин изҳор дошт: “Амрико ба боздошти дигарандешони сиёсӣ, мудофеъони ҳуқуқи башар ва фаъолони мазҳабӣ дар Чин ба таври ошкоро мухолифат дорад. Мо ба таври ошкоро ба матбуоти озод ва озодии гирдиҳамоиҳову ҳуқуқи коргар даъват мекунем, аммо на ба хотири мухолифатҷӯӣ бо раҳбарони Чин, балки барои мутмаин кардани мардуми он кишвар, ки озодии бештар барои Чин танҳо роҳи баҳбабардории комил аз имконоти он кишвар аст.”

Раисиҷумҳури Амрико имрӯз Таиландро ба қасди Чин тарк карда, рӯзи ҷумъа дар расми ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ дар пойтахти он кишвар, шаҳри Пекин ширкат хоҳад варзид.

XS
SM
MD
LG