Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирӣ байни артиши Покистон ва ҷангиён дар Боҷаур


Покистон мегӯяд, даргирӣ дар наздикии марз бо Афғонистон дасти кам 25 ҷангии тарафдори Толибон ва 2 сарбози артиши Покистонро кушта барҷой гузоштааст. Ин задухӯрд шаби чоршанбе дар пайи ҳамлаи ҷангиён ба як мошини нирӯҳои амниятӣ дар 15-километрии ғарби Хор, маркази минтақаи қабиланишини Боҷаур оғоз ёфт.

Дар ҳамин ҳол, Мавлавӣ Умар, ки худро сухангӯи Толибон меномад, гуфтааст, дар ин даргирӣ 15 срабози артиши Покистон кушта шуданд.

Аммо Мавлавӣ Умар роҷеъ ба талафоти ҷангиён дар ин задухӯрд рақаме наовардааст.

XS
SM
MD
LG