Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабибуллоҳ Ботиров даргузашт


Шоми дирӯз Ҳабибулло Ботиров, хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ, пас аз маризии тӯлонӣ дар синни 65- солагӣ аз олам даргузашт. Ҳабибуллоҳ Ботиров аз кормандони собиқадори радиои Озодӣ буд, ки барои бахши узбакии радио аз Тоҷикистон гузориш медод. Ӯ замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Радиои Озодӣ оғоз карда буд. Ҳамчунин дар замони ҷанг дар Афғонистон ва амалиёти байналмилалии зиддитеррор аз ин нуқтаи доғи ҷаҳон гузоришҳо омода кардааст. Ҳабибуллоҳ Ботиров то омадан ба Радиои Озодӣ дар тӯли солҳо дар рӯзномаҳои узбакзабони Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳабибулло Ботиров ҳамчунин аз раҳбарони ҷамъияти узбактаборони Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG