Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мегӯяд, дар мавриди Эрон тавофуқе нашудааст


Русия бар хилофи Амрикову Бритониё гуфтааст, 6 қудрати ҷаҳонӣ ҷиҳати таъқиби таҳримоти нави СММ алайҳи Эрон тавофуқ накардаанд. Виталий Чуркин, сафири Русия дар СММ ба хабарнигорон гуфт, кадом тафоҳум ва ё тавофуқи рӯшане ҷиҳати фаъолияти муштарак дар ин самт ҳосил нашудааст. Намояндагони баландпояи Амрикову Русия, Бритониёву Фаронса ва Чину Олмон рӯзи чоршанбе дар як гуфтугӯи муштараки телефонӣ посухи ахири Эрон ба бастаи пешниҳодии ин гурӯҳи мавсум ба “5 +1”-ро баррасӣ карданд. Ин баста ироаи як баста имтиёзҳои дипломативу иқтисодӣ ба Эрон дар ивази қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум аз сӯи он кишварро дар бар мегирифт.

XS
SM
MD
LG