Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин


Э. Раҳмон ба парчамбардори дастаи олимпии Тоҷикистон гурзандоз Дилшод Назаров парчами кишварро месупорад

Э. Раҳмон ба парчамбардори дастаи олимпии Тоҷикистон гурзандоз Дилшод Назаров парчами кишварро месупорад

Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон ҷиҳати ширкат дар маросими кушоиши Бозиҳои олимпӣ ва дастгирии варзишгарони тоҷик ба Пекин сафар кард.

Дар маросими кушоиши Бозиҳо, ки 8-уми август дар варзишгоҳи «Лонаи парранда»-и шаҳри Пекин баргузор мешавад, 160 000 нафар иштирок мекунанд. Ҳудуди 70 000 нафари онҳо меҳмонони фахрӣ, шахсони олимақом, намояндагони ҳайъатҳои вакилон ва варзишгарону ҳунарпешагоне мебошанд, ки дар расми ифтитоҳи ин Бозиҳои олимпӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. 90 000 нафари дигар тамошобинон, кормандони кумитаи тадорукот ва довталабон мебошанд.
Ёдовар мешавем, мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиада аз 8-ум то 24-уми август баргузор мешавад.
Тоҷикистонро 15 варзишгар дар 8 навъи варзиш намояндагӣ хоҳанд кард. Гурзандоз Дилшод Назаров парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон мебошад.
XS
SM
MD
LG