Пайвандҳои дастрасӣ

Бостоншиносон аввалин театри Лондонро ёфтанд


Бостоншиносони Бритониё иттилоъ доданд, ки зимни ҳафриёт онҳо ҷойи нахустин театр дар Лондонро пайдо карданд, театреро, ки он ҷо аввалин намоишномаҳои Уилям Шекспир ба саҳна гузошта шудаанд. Ин театр соли 1576 дар мавзеъи Шордитч аз сӯи Ҷеймс Бербиҷ ва Ҷон Брейн бунёд шуда буд. Гуфта мешавад, ки он вақт барои бунёди театр 700 фунт сарф гардид, ки дар Инглистони замони малика Елизаветаи 1 маблағи бузург маҳсуб мешуд. Дар ин театр Уилям Шекспир аввал нақш меофарид ва баъдан намоишномаҳояшро рӯи саҳна мегузошт. Муаррихон мегӯянд, ки ин нахустин толоре буд, ки маҳз барои намоишномаҳо бунёд шуда буд.

XS
SM
MD
LG