Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ бо Далай Лама мулоқот намекунад


Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса бо Далай Лама, раҳбари рӯҳонии Тибет, ки қарор аст ҳафтаи оянда вориди кишвар шавад, дидору гуфтугӯ нахоҳад кард. Дафтари раёсати ҷумҳур хабар дод, ки раҳбари рӯҳонии Тибет барои мулоқот бо Саркозӣ дархост ироа накардааст.
Гуфта мешавад, ки сарпечии Саркозӣ аз мулоқот бо Далай Лама шояд боиси интиқоди раисиҷумҳур аз сӯи ҳомиёни ҳуқуқи башар бигардад. Онҳо раисиҷумҳурро дар он айбдор мекунанд, ки бо худдорӣ аз интиқоди Пекин ба манфиати он ширкатҳои фаронсавие кор мекунад, ки бо Чин табодули молу коло доранд. Қаблан Саркозӣ Бозиҳои олимпии Пекинро таҳрим эълон карда буд ва аммо баъд аз чанд муддат фикрашро тағйир дод.

XS
SM
MD
LG