Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Осетинҳо аз музокирот бо Тифлис сарпечӣ карданд


Мақомоти Осетияи Ҷанубӣ музокироти дуҷониба бо Гурҷистонро, ки бояд имрӯз доир мешуд, лағв карданд. Эдуард Кокойта, раисиҷумҳури Осетияи Ҷанубӣ гуфт, ки гуфтушунид фақат бо ширкати ҳайатҳои Русия ва Осетияи Шимолӣ имконпазир аст.

Дирӯз дар канори деҳаи Нул, воқеъ дар марзи Гурҷистон ва Осетияи Ҷанубӣ задухурд ба вуқӯъ пайваст, ки дар шурӯъи он ҷонибҳо ҳамдигарро айбдор мекунанд. Низомиёни осетин дар бораи таҳти назорат қарор додани як баландии аз нуқтаи назари стротегӣ муҳим хабар доданд. Ва аммо Тифлис мегӯяд, ки ин баландӣ чун пештара зери назорати низомиёни гурҷист. Бегаҳи дирӯз Юрий Попов, як мақоми вазорати умури хориҷаи Русия барои баррасии вазъи бавуқӯъпайваста бо мақомоти Гурҷистон вориди Тифлис шуд.
XS
SM
MD
LG