Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмерт маҳбусони фаластиниро озод мекунад


Сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт ба раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ваъда дод, ки беш аз 150 зиндонии фаластиниро аз маҳбасҳои Исроил озод хоҳад кард. Намояндаи ҳукумати Исроил хабар дод, ки раҳоии маҳбусон то охири моҳ сурат хоҳад гирифт. Мақомоти Исроил ва Фаластин талош доранд, ки ба раванди сулҳи Ховари Миёна суръат бахшанд. Ва ин дар ҳолест, ки истеъфои Олмерт ҳарчӣ наздиктар мешавад ва нуфузи Аббос дар Фаластин ба тадриҷ коҳиш меёбад.

XS
SM
MD
LG