Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоми 6-уми август Ҳабибуллоҳ Ботиров, хабарнигори бахши узбакии Радиои «Озодӣ», дар синни 65-солагӣ зиндагиро падруд гуфт.

Ҳафт моҳи ахир Ҳабибуллоҳ Ботиров ба таври вазнин бемор буд. Кор дар родиюи «Озодӣ»-ро ӯ ҳанӯз дар соли душвори 1995, замоне ки ҳамоно дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ идома дошт, шурӯъ намуда, то имсол аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоъии кишвар дар сатҳи баланди касбӣ гузоришу барномаҳои ростин таҳия намуд.

Ҳ. Ботиров ҳамчунин замони ҷанг дар Афғонистон ва саркӯб кардани Толибон аз ин нуқтаи доғи ҷаҳон гузоришҳои саҳеҳ омода мекард.
Дар давоми фаъъолияти босамари журналистии худ дар баробари таҳияи гузоришу барномаҳои баланди касбӣ инчунин як зумра шогирдони соҳибкасбро омода кардааст.
Қабл аз шурӯъи кор дар «Озодӣ», ӯ дар чанд рӯзномаи Тоҷикистон кор мекард.
Шодравон Ҳ. Ботиров чанд соли ахир раҳбарии ҷамъияти узбактаборони Тоҷикистонро дар уҳда дошт.
Даргузашти нобаҳангоми Ҳабибуллоҳ Ботиров барои родиюи «Озодӣ» ва журналистикаи Тоҷикистон, бидуни шакк, талафоти сангин аст.
XS
SM
MD
LG