Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳарчанд, шаш афсари аъзои ҳайъати мунсифа Салим Ҳамданро дар ҷинояти сангинтар - тарҳрезии амали террористӣ бегуноҳ ҳисобиданд, бо вуҷуди ин ӯро ҳабси абад интизор аст.

Ҳангоме, ки раиси додгоҳ ҳукмро қироат мекард, айбдоршаванда, ки зимнан шаҳрванди Яман аст, гиря мекард. Салим Ҳамдан нахустин маҳбуси Гуантанамост, ки парвандаи ӯ тибқи низоми баҳсбарангези комиссияҳои ҷангии раисҷумҳур Ҷорҷ Буш бозрасӣ гардид.


Мунаққидон иддао доранд, ки ин додгоҳҳои махфӣ хилофи Қонуни асосиянд ва имкон намедиҳанд, ки айбдоршаванда бегуноҳии худро исбот кунад. Тарафдорон баръакс мегуянд, ки гумонбаршуда имконҳои беш аз андозаи ҳимояти худро дорад.

Гурӯҳи байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи башар бо интишори изҳорот ҳукми додгоҳро мавриди интиқод қарор дода гуфтааст, “мурофеае, ки ҷониби ҳимоятшаванда аз ибтидо заифтар аст, наметавонад мунсифона бошад”.

Ва аммо дар баёнияи сухангӯи Кохи Сафед Тони Фрато гуфта шудааст, ҳукумати Буш “хушнуд аст, ки Ҳамдан ҷазои сазовору мунсифона гирифт.”

Ҳамдан дар ҷануби Афғонистон моҳи ноябри соли 2001 дастгир шуда, баъд аз шаш моҳ ба Гуантанамо интиқол дода шуд. Ҳукумати Амрико ӯро дар интиқоли мушакҳо ба “ал-Қоида” ва ёрӣ дар фирори бин Лодин аз таъқиби низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон баъд аз ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 айбдор медонад.

Ҷониби ҳимояткунанда бо радди ин иддао мегуфт, ки Ҳамдан як корманди поиндараҷа буда, дар бораи амалиётҳои террористӣ ҳеҷ маълумоте надошт. Вакили мудофеъи Ҳамдан гуфт, қозии додгоҳ ҳангоми мурофеъа мадракҳоеро ба инобат гирифтааст, ки ҳеҷ додгоҳи низомӣ ё ғайринизомии Амрико онҳоро намепазируфт. Вай афзуд, ки Ҳамдан гуноҳашро баъди шиканҷа ба гардан гирифтааст.

Дигар маҳбуси Гуантанамо, Холид Шайх Муҳаммад, ки ӯро аз тарҳрезони аслии ҳамлаҳои 11 сентябр мехонанд, дар изҳороти катбиаш навиштааст, Ҳамдан як ронандаи таҳсилнокардае буд, ки дар “ал-Қоида” ҳеҷ мақоме ва дар бораи нақшаҳо тасаввуроте ҳам надошт. Интизор меравад, мурофеъаи Холид Шайх Муҳаммад ва чор маҳбуси дигар охирҳои соли ҷорӣ баргузор шавад.


Ҳамдан ҳақ дорад ба Додгоҳи таҷдиди назари Вошингтон ва Додгоҳи Олии ИМА муроҷиат кунад.

Сухангӯи Пентагон гуфт, алҳол 20 фарди гумонбар дар терроризм мунтазири бозрасии парвандаҳошоян дар мурофеъаҳои низомиянд ва дар Гуантанамо ҳоло боз дастикам 260 маҳбус боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG