Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юсуф Рабиев болотар аз Дидйе Дрогба ва Андрей Аршавин


Муҳоҷими маъруфи мунтахаби Тоҷикистон – Юсуф Рабиев ба феҳрас беҳтарин голеадорҳои IFFHS ворид карда шудааст.

Ин феҳрас бо назардошти дарсади таносӯби голҳо ва бозиҳои голеадорҳо мураттаб гардидааст.

Юсуфи “Вахш” дар ин феҳрас миёни 89 нафар бо коэффисиенти 7 дар мақоми 16-ум ҷой гирифтааст.

Исми Юсуф аз бозигароне ба мисли Фредерик Кануте аз “Севиля”, Мирослав Клозе, Михаэл Баллак, Лука Тони ва Лукаш Подолски аз “Бавария”, Давид Вилля аз “Валенсия”, Роман Павлюченко аз “Спартак”, Дидйе Дрогба аз “Челси”, Адриан Муту аз “Фиорентина”, Андрей Аршавин аз “Зенит”, Фернандо Торрес аз “Ливерпул” болотар навишта шудааст.

Аз миёни бозигарони собиқ Шӯравӣ аз Юсуф Рабиев танҳо исми Павел Погребняк аз “Зеник” болотар меистад.

Ва аммо сегонаи аввали феҳрасро Аҳмад Аҷаби кувайтӣ, Стефен Воргу аз Нигерия ва Самуэл Это’Ои камерунӣ гирифтаанд.

Ин барои аввалин бор буд, ки исми тоҷикӣ вориди яке аз феҳрасҳои Федеросюни байнулмилалии омори футболӣ (IFFHS) шуд.

XS
SM
MD
LG