Пайвандҳои дастрасӣ

Маросими кушоиши Бозиҳои ХХ1Х тобистонаи олимпӣ 8-уми август дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин доир мегардад, ки дар он ҳайъати варзишии Тоҷикистон низ ширкат хоҳад кард.

Боз як варзишгари Тоҷикистон – Сергей Бабикови 41-сола – барои ширкат дар Олимпиадаи Пекин ба Чин сафар намуд. Ӯ дар сабқати тирандозӣ аз таппонча ба масофаҳои 10 ва 50 метр, ки 9-уми август баргузор мешавад, ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Сергей Бабиков ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ин Олимпиада барои ман дуввум хоҳад буд. Маро он чиз хушнуд месозад, ки мизбонон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Бозиҳои олимпӣ муносибати ҷиддӣ кардаанд. Умедворем, ки натоиҷи баланд нишон медиҳем ва тамоми қуввату имконотро барои ноил шудан ба мақсади ниҳоӣ - ба даст овардани медали олимпӣ - сафарбар хоҳем кард».
7-уми август варзишгари тоҷик Низом Сангов озими Чин хоҳад шуд. Вай дар сабқати вазнабардорӣ дар вазни то 69 кг, ки 12 август сурат мегирад, ширкат хоҳад кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG