Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё бегоҳи 7-уми август дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон бо тими Куриёи шимолӣ рақобат хоҳад кард.

Ин нахустин дидори тимҳои миллии Тоҷикистону Куриёи шимолӣ ба шумор меравад.Вале дастаҳои мунтахаби ҷавонону наврасони ин ду кишвар ду бор рӯбарӯ шудаанд. Ду сол қабл дар бозии ниманиҳоии Ҷоми Осиё бозигарони ҳабдаҳсолаи тоҷик аз ҳамсолони куриёии худ бо ҳисоби 0-3 шикаст дида буданд.
Феълан дар ҳайъати тими миллии Тоҷикистон бархе аз онҳо, ба мисли Самад Шоҳзуҳуров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Давронҷон Тухтасунов ва дигарон бозӣ мекунанд. Инчунин Пӯлод Қодиров, сарвари тими мунтахаби наврасони кишвар, дар айни ҳол сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин соли 2006 дастаи мунтахаби бистсолаҳои Тоҷикистон низ дар сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё миёни ҷавонон аз Куриёи шимолӣ бо ҳисоби 0-1 мағлуб гардида буд.
Имрӯз дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи мизбон – Ҳиндустон – бо тими Мянмар рақобат мекунад.
XS
SM
MD
LG