Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи ронандаи собиқи Бин Лодан


Додрасони низомии Амрико имрӯз дар нахустин муҳокимаи ҷиноятҳои ҷангӣ дар Иёлоти Муттаҳида пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ронандаи собиқи Усома Бен Лоданро дар кӯмаки моддӣ ба терроризм гунаҳкор донистанд. Аммо ин ронандаи яманӣ Салим Ҳамдон дар кӯмаки моддӣ ба созмони терористии Ал-қоида гунаҳкор дониста нашуд. Бар асоси муқаррароти ин додгоҳи махсуси низомӣ, бояд аз шаш нафар, чаҳор тан аз додрасон мувофиқ бошанд, ки муттаҳам воқеан гунаҳкор аст ва ё на?
Парвандаи Салим Ҳамдон, ки ба ӯ ҳукми зиндони ҳабси абад дар Амрико таҳдид мекунад, аз аввалин парвандаҳои баҳсбарангези маҳбусони хориҷии Гуантанамо аст, ки муҳокимаи онҳо бо дастури ҳукумати Ҷорҷ Буш хориҷ аз додгоҳҳои муқарраррии шаҳрвандӣ ва низомӣ сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG