Пайвандҳои дастрасӣ

Бедарак шудани як лаҳистонӣ дар Помир


Як кӯҳнаварди Полша ва ё Лаҳистон дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон бенишон шудааст. Раҳбари ширкати Ал-Наврӯзи Тоҷикистон Раъно Собирова ба Радиои Озодӣ гуфт, Кристоф Апанесивич, ки бо як ҳамроҳаш мустақилона ба қуллаи беш аз 6 400 метрии Корженевский баромадааст, аз рӯзи шанбе то кунун бедарак аст. Ҳамроҳи ӯ рӯзи якшанбе хаставу афсурда ба пойгоҳи кӯҳнавардон баргаштааст. Ба гуфтаи Раъно Собирова, ҷустуҷӯи серӯзаи кӯҳнаварди лаҳистонӣ аз тарафи маъмурони наҷотбахш то кунун натиҷае надодааст ва ширкати онҳо мақомоти расмии Лаҳистон ва хешовандони кӯҳнаварди 34-соларо аз ин ҳодиса дар ҷараён гузоштааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG