Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи додгоҳии собиқ сухангӯи вазорати дохила


Як додгоҳи Душанбе даъвои собиқ сардори раёсати иттилооти вазорати дохилаи Тоҷикистон алайҳи мақомоти ин вазоратро ба нафъи муддаӣ ҳал кард.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баъд аз мурофиаи дурӯза ва пурсиши шоҳидон далелҳои хадамоти амнияти дохилии вазорати корҳои дохиларо беасос хондааст.

Ҷалолиддин Садриддинов, собиқ сарвари раёсати иттилооти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, моҳи майи соли равон бар асоси натиҷаҳои як тафтиши хадамоти амнияти дохилии ин вазорат аз вазифа барканор шуда буд. Бар асоси ин тафтиш дар компутари кории сарвари маркази матбуотии вазорат маводи порнографӣ ошкор шудааст.

Муҳаммадназар Солеҳов, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, тайи як нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфт, ки дар ин қазия паҳн кардани маводи порнографӣ низ ҷой дорад. Вай афзуд, ин ҷиноят аст ва дар пай муҷозот дорад, аз ин хотир вазорат ба хулосае расидааст, ки Садридиновро аз вазифа барканор кунад.

Оқои Садриддинов ин иттиҳомотро бепоя хонд ва ба додгоҳ шикоят бурд. Минҷумла вай далел пеш овардааст, ки файлҳои порнографӣ ба ҳар як корманди маркази матбуотии вазорати умури дохила метавонист дахл дошта бошад, зеро аз ин компутар ҳамаи кормандони марказ истифода мекарданд. Гузашта аз ин, ба иддаои оқои Садриддинов, ин файлҳои кайҳо ҳазфшуда ҳастанд, ки баъдан барқарор шудаанд.

Тибқи ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе, фармони вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бояд бекор ва Ҷалолиддин Садриддинов дар вазифааш барқарор карда шавад. Оқои Садриддинов гуфт, қарори додгоҳ далели адолати низоми додгоҳҳои Тоҷикистон аст.

Қаблан як қатор созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон тайи номае ба вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон аз барканории сарвари маркази матбуотии ин вазорат изҳори нигаронӣ карда, хостори ҳалли мунсифонаи қазия шуда буданд. Дар посух вазорати корҳои дохила гуфта буд, ки қарорашро тағйир намедиҳад.

Акбари Саттор, райиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон, бо истиқбол аз қарори додгоҳ гуфт, баррасии парванда шаффоф ва демократӣ баргузор шудааст.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҳалномаи додгоҳ баъд аз як моҳ ба ҳукми қонун медарояд. Яъне дар ин муддат вазорати дохилаи Тоҷикистон метавонад ба ҳалномаи додгоҳ эътироз кунад. Дар ҳамин ҳол, маркази матбуотии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG