Пайвандҳои дастрасӣ

Вашингтон ва муттафиқони аврупоии он дар чаҳорчӯби Шӯрои Амнияти СММ тавсeъаи таҳрими ҶИЭ-ро арзёбӣ хоҳанд кард.

Расонаҳои хабарии ғарбӣ иттилоъ медиҳанд, ки тасмими мазкур пас аз паёми ахири Теҳрон дар иртибот бо барномаи ҳаставии ин кишвар гирифта шудааст.
Баъди қироъати паёми Эрон акнун ИМА, Британия, Фаронса, Олмон, Чин ва Русия нақша доранд, ки иқдомҳои муштараки баъдиро баҳс намоянд.
Шашгона ба Теҳрон пешниҳод карда буд, ки дар муқобили имтиёзҳои иқтисодиву техникӣ аз ғанигардонии уран даст кашад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи рӯзномаҳои "TheWashingtonPost" ва "TheNewYorkTimes", ИМА ҷавоби Эронро қабул надорад. Сухангӯи Қасри Сафед хонум Дана Перино мегӯяд, ки Вашингтон ва муттафиқонаш аз посухи заъифи Теҳрон қаноъатманд набуда, муҷозоти Эронро арзёбӣ мекунанд. Вале баъзе давлатмардон изҳор намудаанд, ки эҳтимол Чину Русия ҳангоми баҳси тавсиъаи таҳрими Эрон аз он пуштибонӣ намоянд.
Рӯзи сешанбе паёми эронии иборат аз 1 саҳифаро фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо Ҳавиер Солана ба гурӯҳи мавсум ба «5+1» (5 кишвари узви доимии Шӯрои Амният ва Олмон) таслим намуд.
Корманди дафтари матбуъотии Департаменти давлатӣ ё худ вазорати умури хориҷии ИМА Гонзало Галлегос изҳор намуд, ки Қасри сафед мунтазири посухи возеҳ ва мусбати Эрон буд ва, дар ҳоле ки чунин ҷавоб дастраси он нашуд, иқдомҳои баъдӣ дар муқобили Эронро баҳс хоҳад кард. Галлегос инчунин гуфт: "Мо дар чаҳорчӯби «5+1» пешрафт дошта аз сиёсати «кулча ва шаллоқ» кор мегирем".
Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи душанбе сухангӯи вазорати умури хориҷии ҶИЭ Ҳасан Қашқавӣ гуфтааст, Эрон аз ғанигардонии уран даст намекашад ва Эрон ҳақ дорад дар доираи созиши адами тавсиъаи силоҳи ҳастаӣ нерӯи ҳастаиро барои ниёзмандиҳои осоиштааш тавлид намояд.
Вашингтон ва муттафиқони ғарбии ИМА исрор меварзанд, ки, агар Теҳрон пешниҳоди қатъи ғанигардонии уран дар муқобили дастрасӣ ба имтиёзҳои иқтисодиву техникиро напазирад, онҳо аз Шӯрои Амният тавсиъаи таҳрими Эронро талаб мекунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки сар аз соли 2006-ум ба ин тараф Шӯрои Амният се дафъа Эронро мувоҷеҳи таҳрими иқтисодӣ кардааст. Дар гузашта ду кишвари дорои ҳаққи вето: Чину Русия ба таҳрими Эрон майл нишон намедоданд, вале дар ҳар се даври раъйдиҳии таҳрим баъди баъзе нармиш дар қиболи Эрон аз он ҷонибдорӣ кардаанд. Имтиёз ба он далел матраҳ шудааст, ки Теҳрон пешшарти оғози музокирот – тавқифи ғанигардонии уранро – аз сар бигирад.
Дар ҷавоб ба нигарониҳои мамолики ғарбӣ перомуни ҳадафҳои пинҳонии барномаи ҳаставии Эрон, мақомоти ин кишвар, ки чорумин истихроҷкунандаи бузурги рӯи олам ба шумор меравад, исрор меварзанд, ки барномаи ҳаставии ин кишвар ҳадафҳои сирф осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG