Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи эҳтимолии Русия ба иқдоми Амрико


Хабаргузориҳо аз қавли Александр Суриков - сафири Русия дар Минск навиштаанд, ки Маскав метавонад дар посух ба истиқрори сипари дифоъи мушакии Амрико дар Аврупои Шарқӣ, ҳавопаймоҳои бомбаафкан ва мушакҳояшро дар қаламрави Ҷумҳурии Белорус ҷойгир кунад. Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли Александр Суриков навиштааст, “дар сурати имзо шудани созишномаи Лаҳистон ва Амрико доир ба истиқрори қисме аз сипари дифоъи мушакии Иёлоти Муттаҳида пешниҳоди мазкур метавонад мавриди баррасӣ қарор бигирад.” Русия гуфтааст, агар Амрико дар қаламрави Аврупои Шарқӣ мушаку радарҳояшро ҷойгир кунад, Русия ба он посух хоҳад дод. Амрико мегӯяд, барномаи сипари дифоъи мушакиаш ба хотири рафъи ҳамлаҳои эҳтимолии мушакӣ аз Эрон аст.

XS
SM
MD
LG