Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нӯҳ табиби қирғизро зиндонӣ мекунанд


Додгоҳи Қирғизистон нӯҳ табибро дар сироят шудани даҳҳо нафар тифл ба бемории вируси норасоии масӯнияти бадан гунаҳкор дониста ва онҳоро ба зиндон маҳкум кардааст. Ба гузориши хабаргузориҳои маҳаллии Қирғизистон, додгоҳ ин табибонро ба “беэътиноӣ” гунаҳкор донист ва ҳамчунин амр дод, барои зарари расонидаашон 10 ҳазор долларӣ ҷубронпулӣ бисупоранд. Вазорати беҳдошт ва ё тандурустии Қирғизистон гуфт, ки он атфол ҳангоми хунгузаронӣ ва задани сӯзандорӣ аз вируси норасоии масӯнияти бадан сироят шудаанд.

XS
SM
MD
LG