Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ахиран дар шаҳри Бишкек боз як афсари баландрутбаи пулис кушта шуд.

Мақомоти вазорати дохилаи ин кишвар мегӯянд, муъовини сардори раёсати мубориза бо тиҷорати маводи мухаддир полковник Анвар Алиев ҳадафи ҳафт тири ашхоси номаълум қарор гирифт.

Ба гуфтаи Темирхон Субанбоев, муъовини вазири дохилаи Қирғизистон, шаби 4 бар 5 август Анвар Алиев дар назди манзилаш ҳадафи тир қарор гирифта ва дар роҳ ба бемористон ҷони худро аз даст дод. Ба гуфтаи ҷаноби Субанбоев, дар қатли полковник Алиев эҳтимолан афроде даст доранд, ки аз савдои маводи мухаддир пули калон ба даст меоваранд.

Муъовини вазири дохилаи Қирғизистон гуфт, гурӯҳи кормандони умури интизомӣ, ки ба он полковник Анвар Алиев раҳбарӣ мекард, нақшаи боздошти кочоқбарони маводи мухаддир аз тариқи марзи Қирғизистонро барномарезӣ карда буданд. Ба эътиқоди Темирхон Субанбоев, куштори афсари баландрутбаи раёсати мубориза бо савдои маводи мухаддир маҳз ба фаъолияти касбии ӯ марбут аст.

Ин манбаъ тазаккур дод, ки кишти хашхош дар Афғонистон нисбат ба солҳои пеш коҳиш надидааст, аз ин лиҳоз масъулияти кормандони раёсати мубориза бо маводи мухаддири Қирғизистон беш аз пеш меафзояд.

Хабаргузории «24 КГ» ба нақл аз қавли мақомоти вазорати дохилаи Қирғизистон навиштааст, ҳамагӣ чанд ҳафта пеш бар асари як амалиёти вижа кормандони умури интизомӣ дар минтақаи ҷануби кишвар аз интиқоли 10 кило ҳероини соф ҷилавгирӣ карданд.Гуфта мешавад, ки интиқоли ин миқдор ҳероинро маҳз наркобаронҳои Тоҷикситон бар дӯш доштанд, ки дар натиҷаи ин амалиёт борашон ба манзил нарасид.

Темирхон Субанбоев, муъовини вазири дохилаи Қирғизистон, мегӯяд, ки кормандони ин ниҳод аз интиқоли миқдори зиёди моддаҳои махмуркунанда ҷилавгирӣ кардаанд ва фаъолияти худро дар ин маврид беш аз пеш тавсаъа хоҳанд дод.

Бояд гуфт, ки дар чор соли ахир Анвар Алиев севумин афсари баландрутбаи вазорати дохилаи Қирғизистон аст, ки ҳадафи тири ашхоси номаълум қарор гирифт ва кушта шуд.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти Вазорати дохилаи ин кишвар 5-уми маи соли 2004 сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои суистифода аз мақом Чинибек Алиев дар маркази шаҳри Бишкек бо тири мусалсали Калашников кушта шуд. Аммо 5 апрели соли 2005 дар шаҳри Уш сардори раёсати минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои сӯистифода аз мақоми вазорати дохила Оран Алиев дар назди хонааш ба қатл расид ва ронандаи ӯ дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол дода шуд. Дафтари матбуоти вазорати дохилаи Қирғизистон мегӯяд, ки афсарон Чинибек Алиев, Оран Алиев ва Анвар Алиев робитаи хешу таборӣ надоранд.

Додситонии кули ҷумҳурӣ аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва қотилони Анвар Алиев мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

XS
SM
MD
LG