Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд


Се автомобили истеҳсоли хориҷии ҳомили дар маҷмӯъ 21 мусофир дар 144-километрии шоҳроҳ ба ҳам задаанд.

Дар ҳоли ҳозир танҳо он маълум аст, ки шаш захмии ин садама ба бемористони ноҳияи Айнӣ мунтақил гардидаанд.

Сарнавишти 15 нафари дигар номаълум аст. Дар макони ҳодиса амалиёти ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар маҳалли ҳодиса қазияро пайгирӣ дорад ва сомонаи Озодӣ аз тозатарин хабар дар ин маврид шуморо огоҳ хоҳад намуд.

XS
SM
MD
LG