Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон: "Бастани Ҳурмузд ба манфиати Эрон нест"


Иёлоти Муттаҳида имрӯз эълом дошт, ки бастани гулӯгоҳи Ҳурмузд ба манфиати Эрон нахоҳад буд. Намояндаи Пентагон - вазорати дифоъи Амрико Ҷеф Морелл изҳор кард, ки бастани ин гулӯгоҳ барои Эрон, ки иқтисодаш бо содироти нафт пайванди ногусастанӣ дорад, паёмади сангин хоҳад дошт.

Гуфта мешавад, ки ин изҳорот посух ба гуфтаҳои ахири Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аст, ки тибқи он Теҳрон қодир ҳаст дар сурати ҳамла ба кишвар, гулӯгоҳи Ҳурмузд - масири муҳими тиҷорати минтақа бо ҷаҳонро ба осонӣ ва ба муддати тулонӣ бубандад. Ӯ афзуд, мутахассисони эронӣ ахиран силоҳи нави дарёиеро озмоиш карданд, ки қодир аст ҳар навъ ҳадаферо дар фосилаи беш аз 300 километр нобуд созад.
XS
SM
MD
LG