Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вошинтон посухи Теҳронро "ғайри қобили қабул" хонд


Вошингтон посухи Эрон ба бастаи пешниҳодоти шаш қудрати ҷаҳонро "ғайри қобили қабул" хонд. Панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон ба Теҳрон ба ивази даст кашиданаш аз ғанисозии ураниум кумакҳои моливу иқтисодӣ ваъда дода буданд. Дар суҳбат бо хабаргузории Ассошиэйтед Пресс як мақоми расмии Амрико гуфт, "ҳуҷҷати яксаҳифагие ки Теҳрон дирӯз ба раҳбари бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳовиер Солано пешкаш намудааст, ба ҳеҷ ваҷҳ посухи қатъи ва мушаххас ба пешниҳоди “шашгона” буда наметавонад".

Дар Брюсел як дипломати Иттиҳодияи Аврупо хабар дод, ки номаи Теҳронро бо диққат омӯхтанд ва онро дар зудтарин фурсат Ҳовиер Солано ва ҳайатҳои “шашгона” баррасӣ хоҳанд кард.

Вазорати хориҷаи Амрико эълом дошт, ки дипломатҳо рӯзи чаҳоршанбе зимни як конфаронси телефонӣ назари худ ба посухи Теҳронро иброз медоранд ва шояд боз сари мавзӯъи таҳримҳои нави иқтисоди алайҳи Теҳрон баргарданд.
XS
SM
MD
LG