Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИМА аз имкони дасиса дар Осетияи Ҷанубӣ


Иёлоти Муттаҳида аз Русия даъват кард, ки аз дасиса дар минтақаи низоъи Гурҷистон ва Осетияи Ҷанубӣ худдорӣ кунад. Гонсало Галлегос, намояндаи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки "ҷонибҳо набояд аз аъмоли дасисабарангез кор бигиранд". Ин даъват вокуниш ба изҳороти як мақоми Русия аст, ки гуфта буд "дар сурати шурӯъи ҷанг Маскав бетараф нахоҳад монд ва аз шаҳрвандони Русия дар Осетияи Ҷанубӣ ҳимоят мекунад".

Дирӯз Вазорати умури хориҷаи Гурҷистон аз вуруди ихтиёриён аз Русия ба Осетияи Ҷанубӣ изҳори нигаронӣ карда буд. Эдуард Кокойта, раҳбари Осетияи Ҷанубӣ қаблан эълом дошт, ки ба ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ аз Осетияи Шимолии Русия тақрибан 300 тан аз ихтиёриён ворид шудаанд.
Вазъ дар марзи Гурҷистон ва Осетияи ҷанубӣ баъд аз он муташанниҷ гардид, ки охири ҳафтаи гузашта бар асари тирборони Схинвалӣ аз сӯи низомиёни гурҷӣ 6 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG