Пайвандҳои дастрасӣ

Руанда Фаронсаро дар наслкӯшӣ айбдор мекунад


Руанда Фаронсаро масъули наслкӯшӣ ё генотсиди соли 1994 номид. Он вақт дар ин кишвари африқоӣ тақрибан 800 ҳазор нафар мардуми қавми тутсӣ кушта шуданд. Вазири адлияи Руанда изҳор намуд, ки Порис аз таҳияи ин наслкӯшӣ огаҳ буд ва низомиёни фаронсавӣ мусаллаҳони қавми хутуро, ки ин ҷиноятро содир кардаанд, тамрин медоданд.

Дар гузориши вижае, ки бегаҳи дирӯз нашр шуд, мақомоти Руанда низомиёни фаронсавиро дар даст доштан дар ин куштор айбдор кардаанд. Дар гузориш ному насаби 33 тан аз мақомоти сиёсӣ ва низомии Фаронса, аз ҷумла, раисиҷумҳури собиқ Франсуа Меттеран, сарвазирони собиқ Доминик Де Вилпен ва Эдуард Баладюр, собиқ вазири умури хориҷа Ален Жюпе оварда шудааст, ки то куҷо саҳм доштанашон дар куштор бояд тафтиш шавад.

Порис ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки низомиёни кишвар он вақт тибқи мандати СММ фаъолият ва барои ҳимоят аз мардуми осоишта талош мекарданд.
XS
SM
MD
LG