Пайвандҳои дастрасӣ

Путин, Сталин ва Солженитсин


Рӯзномаҳои ғарбӣ дар шумораи тозатарини худ ба мавзӯи марги нависандаи бузург рус Александр Солженитсин тамаркуз карда, офаридаҳои ӯро як корномае дар таърихи Русия унвон кардаанд. Ба навиштаи рузномаи фаронсавии «Ла-Република», хидмати аслии Солженитсин дар он буд, ки ӯ ба ҷаҳониён ҳақиқати оддӣ ва хеле ҳам ваҳмангезу воқеиро расонд. Ва рӯзнома афзудааст, вале вақти зиёде зарур буд, ки Аврупо чашмонашро ба ин ҳақиқат боз бикунад.

Рӯзномаи «Нейшнл пост»-и Конодо аз ҷараёни дубора эҳё кардани обрӯи Сталин дар Русия навиштааст. Ба қавли рӯзнома, дар Русия як теъдод муаррихони расмӣ машғули эҳёи дубораи обруи диктатор Иосиф Сталин ҳастанд. Ва ин раванд пас аз суханронии Владимир Путин дар ҳузури омӯзгорони улуми ҷамъиятӣ суръати тоза гирифтааст. Рӯзнома менависад, Путин иштибоҳи Сталинро эътироф карда, аммо гуфтааст, дигар кишварҳо бадтар корҳое аз Сталин кардаанд ва дар зимн, ИМА ва миллатгароёнро дар як қатор гузоштааст.

Рӯзномаи «Файнэншл таймс»-и Бритониё ба мавзӯъи ба гунаи манфӣ жарфтар шудани муносиботи Русия ва Амрико таваҷҷӯҳ кардааст. Ва ба қавли рӯзнома, дар робита Владимир Путин, сарвазири Русия даъват кардааст, ки таъсири Маскав ба Куба дубора бояд барқарор гардад. Ҳамчунин менависад, муовини сарвазири Русия Игор Сечин ҳам чанд рӯз пеш ба ҷазираи Озодӣ сафар карда бо Раул Кастро масоили тиҷорату сармоягузориро баррасӣ намудааст. Рӯзнома дар бастагӣ аз нишасти хабарӣ дар Вазорати хориҷаи Русия ёдовар шуда, навиштааст, ки вазири хориҷаи Русия дар ин нишаст, ба Амрико таҳдид карда, гуфтааст, дар масъалаи сипари зиддимушакӣ бо Вашингтон сари мизи музокирот нахоҳад нишаст.

«Уол стрит ҷорнал»-и амрикоӣ аз таваҷҷӯҳи Иттиҳоди Аврупо ба мушкилоти амниятии фазои кишварҳои Авруосиё, аз ҷумла Молдова, Гурҷистон ва Озарбойҷон навиштааст. Ба қавли рӯзнома, агар Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, ки дастнигарии худ аз газу нафти Русияро коҳиш диҳад, бояд сарчашмаҳои расидагӣ ба энержии алтернативӣ аз минтақаи Каспийро пайдо намояд. Ва афзудааст, ин сарчашмаҳои энержӣ дар чанд километр дуртар аз нуқоти доғи ба мисли Қарабоғи куҳӣ, Приднестровйе, Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон ҷойгир шудааст. Ба қавли рӯзнома, пас аз интизории зиёд мансабдорони баландмақоми Иттиҳоди Аврупо ахиран тасмим гирифтанд, ки дар таъмини амнияти ин минтақа ширкат кунанд.

Рӯзномаи «Индепендент»-и чопи Ландан аз як мушкили иҷтимоии ҷомеаи Италия навиштааст. Ба қавли рӯзнома, Силвио Берлусконӣ, сарвазири Италия ба сарвазири Дания дар ҳузури хабарнигорон пешниҳод кардааст, ки занҳояшонро иваз кунанд. Рузнома менависад, албатта ин як шӯхӣ буд, аммо натиҷаи як назарпурсии ахир бар он аст, ки аз чаҳор як ҳиссаи ҷуфти итолиёвӣ ин идеяро дар зиндагӣ татбиқ мекарданд. «Индепендент» аз қавли рӯзномаи «Ле-Стампа» мегӯяд, ҳар сол 500 ҳазор ҷуфти хонаводаҳо дар Итолиё аз тариқи маҳофили хусусии алоқаи ҷинсӣ занони худро иваз мекардаанд.

«Ди велт»-и Олмон хабар додааст, ки 5000 сол пеш одамони қарни санг ҳунари ҷарроҳии косахонаи сарро доштаанд. Ба навиштаи рӯзнома, барои ҷарроҳии косахонаи сар онҳо аз теғҳои аз сангтарошида, ки хеле тез буданд, истифода мебурдаанд. Онҳо ин ҷарроҳиро дар ҳолати захм бардоштани сар ва ё хунрезии мағзи сар анҷом медодаанд. Ва рӯзнома бо истинод ба натиҷаи таҳқиқотҳо навиштааст, 90 дарсади ҷаррии косахонаи сар, ки дар замони неолит анҷом мешудааст, муваффақона буда, ва одамонро аз марг наҷот медодааст.

XS
SM
MD
LG